Ш. Раҳматбоев: «Дар 10 сол 70 ҷамъияти саҳомӣ фурўхта шуд»
Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Мутобиқи Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва тағйири сохтори субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2013 дар тендерҳои сармоягузорӣ бастаҳои 100 фоизи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи 70 адад ҷамъияти саҳомӣ фурўхта шудаанд. Ин нуктаро 30 июл зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Шуҳрат Раҳматбоев ба хабарнигорон зикр намуд. Вай афзуд, ки дар маҷмуъ аз соли 2003 то ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ аз 70 адад ҷамъияти саҳомии кушодаи дар тендерҳои сармоягузорӣ фурўхташуда 69 ғолиби тендерҳои сармоягузорӣ шартҳои шартномаҳои хариду фурўши ин ҷамъиятҳоро пурра иҷро намуданд. Ғолибони тендерҳо ба маблағи 85,5 миллион сомонӣ ба иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои хусусигардонидашуда сармоягузорӣ карда, ба миқдори 3,5 ҳазор адад ҷойҳои нави корӣ ташкил намудаанд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба уҳдадориҳои шартномавии гирифтаи онҳо мутаносибан 13 миллион сомонӣ ва 1 083 адад ҷойи корӣ зиёд мебошад.Ҳамзамон дар ин давра 9 адад иншооти соҳаи иҷтимоӣ мансуб ба моликияти ҷумҳуриявӣ дар тендерҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии 3 миллиону 603 ҳазор сомонӣ фурўхта шудаанд. Умуман, аз аввали соли 2012 то ба имрўз 15 адад иншооти соҳаи иҷтимоӣ мансуб ба моликияти ҷумҳуриявӣ дар тендерҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8 миллиону 943 ҳазор сомонӣ фурўхта шудаанд. Тибқи шартномаҳои хариду фурўши иншооти мазкур ғолибони ҳамин тендерҳо уҳдадор гардидаанд, ки ба маблағи 4 миллиону 926 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ карда, 105 адад ҷойи нави корӣ ташкил намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






