Шаҳрдорӣ тӯйҳои дастаҷамъонаро ба ҳукми анъана медарорад
Душанбе, 2 июл .(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки минбаъд ҳамасола дар арафаи идҳои Наврӯз, Рӯзи ваҳдат ва Рамазон тӯйҳои хайриявии арӯсию домодӣ ва суннатии кӯдакон аз оилаҳои ниёзманди пойтахтро баргузор намояд. Матлаби мазкур дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ, ки дар ҳузури Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси шаҳри Душанбе доир гардид, ироа шуд. Зикр гардид, ки ҳадаф аз баргузории тӯйҳои хайриявии дастаҷамъона риояи муқаррароти танзими расму ойин, кӯмак ба оилаҳои ниёзманд ва беҳдошти вазъи иҷтимоии хонаводаҳост.Бо ин мақсад комиссияи марбутаи ҷамъиятӣ аз ҳисоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва фаъолони шаҳр созмон дода хоҳад шуд, ки интихоби ҷуфтҳои тӯйҳои арӯсию домодӣ ва кӯдаконро дар тӯйҳои суннатӣ назорат мебаранд ва баргузории тӯйҳои хайриявӣ дар марзи шаҳри Душанбе минбаъд бо қарори марбутаи раиси шаҳри Душанбе, ки рӯзҳои наздик таҳия ва ба тасвиб мерасад, ба танзим дароварда хоҳанд шуд. Бояд тазаккур дод, ки дар остонаи Рӯзи ваҳдати миллӣ дар “Боғи пойтахт” тӯйи суннатии беш аз 200 кӯдак аз оилаҳои ниёзманди Душанбе ва субҳи Рӯзи ваҳдат -27 июн дар толори “Душанбе Плаза” бо ҳузури Президенти кишвар ва шаҳрдори Душанбе тӯйи арӯсии 64 ҷуфти ҷавон аз 4 ноҳияи пойтахт барпо карда шуда буд, ки ба кӯдакон ва навхонадорон хони тӯёна ороста шуда, ҳадяҳо инъом гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






