Шаҳрдор муовини соҳавиашро танбеҳ дод
Душанбе, 23 июл.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи шаҳрдорӣ муовини масъул ба нақлиёт Абдулҳақ Оев ва сардори Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои шаҳри Душанбе” С. Мирзоевро танбеҳ ва муҷозоти интизомӣ додааст. Танбеҳ гирифтани ду масъулини сохтори марбутаи шаҳрдорӣ бинобар зоҳир намудани бемасъулиятӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ба таъхир андохтани муҳлати ба истифода додани навсозии кӯчаҳои Н. Қарабоев (қисмати шарқӣ ва Ғарбӣ аз кӯчаи А. Ҷомӣ то кӯчаи Ҷанубӣ)” то 20 марти соли 2013 ва “Азнавсозии кӯчаҳои Лоҳутӣ, Меҳнат, Шарқ баромад ба кӯчаи М.Турсунзода” то 30 апрели соли 2013 рабт дорад. Дар ҷаласа ҳамзамон масъалаҳои дигари марбут ба рушди шаҳрдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.9.38.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






