Шариф Саид: «Мо ба намоишгоҳи байналхалқӣ ниёз дорем»
Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мехоҳад дар шаҳри Душанбе Маркази намоишгоҳи байналхалқӣ бино кунад ва барои ин интизори ҷудо гаштани қитъаи замин аз ҷониби Ҳукумати шаҳри Душанбе аст. Ин нуктаро Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид имрӯз, 10-уми июл дар нишасти матбуотӣ иброз дошта, афзуд, ки ин иқдом вобаста ба нокифоя будани бинои асоси Палата барои баргузор намудани намоишгоҳҳои гуногуни дохиливу хориҷӣ гирифта шудааст. Бино ба гуфтаи Шариф Саид Палатаи савдо ва саноат барои бинои махсуси намоишӣ дар Душанбе ниёз дорад ва барои сохтани ин гуна марказ Палата аллакай сармоягузоронро аз хориҷи кишвар ҷалб кардааст. «Мо барои сохтани маркази намоишгоҳи байналмилхалқӣ дар Душанбе сармоягузорони эронӣ ва дигар кишварҳоро ҷалб кардаем ва онҳо омодаанд, ки дар сохтани бино саҳм гузоранд, аммо мутаассифона чанд сол аст, ки мо интизори ҷудо гардидани қитъаи замин дар пойтахт хастем»- гуфт раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






