Шиносоии Сарвари давлат бо корхонаи хушксозии мева дар ноҳияи Бохтар
Душанбе, 6 июл (АМИТ «Ховар»).- Дар ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Бохтар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корхонаи хушксозии мева, ки дар назди хоҷагии деҳқонии Беҳбудӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Раҳматулло Саъдуллоев бунёд ёфтааст, ташриф овард.Тавре аён гардид, хушксозии мева дар ин ҷо бо истифода аз дастгоҳҳои технологии муосир ба роҳ монда шуда, маҳсулоти тайёраш дар дохил ва хориҷи кишвар бозоргузар ва рақобатпазир аст. Аҳли заҳмати ин корхона, ки зиёда аз 30 нафаранд, хушксозӣ ва ба навъҳо ҷудокунии зардолую шафтолу, себу нок ва дигар намудҳои меваро ба роҳ мондаанд.Ҳарчанд шуғли асосии хоҷагии деҳқонии Беҳбудӣ пахтакорӣ аст, вале дар ин самти нави фаъолият низ комёб гардидаанд. Гузашта аз ин, роҳбари ин корхона ва ҳам хоҷагӣ Раҳматулло Саъдуллоев, асосан бинокори касбӣ будааст ва деҳқонию омодасозии меваи хушк аз ҷумлаи шуғлҳои иловагии вайанд.Ин соҳибкори маҳаллӣ, ҳамчунин дар гулхонаи болопӯшида парвариши як навъи нодири помидорро ба роҳ мондааст, ки то 6 метр қад кашида, ҳар як ниҳолаш то 23-24 кг ҳосил медиҳад. Майдони умумии ин гулхона ҳамагӣ 8 садяк буда, аз 5 чинаки ин помидори нодир 14-15 тонна ҳосил ҷамъоварӣ кардаанд. Ҳоло помидор ҳосили фаровон дошта, боз дар авҷи гулбандӣ қарор дорад. Аҳли заҳмати хаҷагии Беҳбудӣ умед доранд, ки аз он то тирамоҳ муттасил ҳосил ҷамъоварӣ кардан гиранд. Онҳо дар як гулхонаи дигар аз қаламчаи ҳамин помидорҳо боз ниҳолҳои нав сабзонда, умедворанд, ки аз онҳо то оғози зимистон ҳосил мегиранд.
Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






