Шумораи филиалҳои “Тоҷиксодиротбонк” ба 74 расид

Июль 5, 2013 17:20

Душанбе, 5 июл. (АМИТ «Ховар»). — Шумораи умумии филиалҳои ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба 74 адад расидааст.  Дар суҳбат ба мухбири АМИТ “Ховар” сардори хадамоти протоколи ҶСК «Точиксодиротбонк» Марҳабо Муродова ин нуктаро таъкид карда гуфт, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо дигар ташкилотҳои қарзии кишвар чанд зина боло буда, Тоҷиксодиротбонкро чун фарогиртарин бонк дар миқёси ҷумхурӣ муаррифӣ менамояд. “Бояд гуфт, ки таи чанд соли охир ҷиҳати иҷрои дастур ва супоришҳои Президенти кишвар ва бо мақсади рушди фарогирии хизматрасониҳои бонкӣ, ҳамзамон ҷиҳати боло бурдани сатҳи фаъолият ва хизматрасониҳо дар муассисаҳо ва шароити кору зиндагии кормандон “Тоҷиксодиротбонк” дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ филиалҳои худро кушода ба истифода дода истодааст. Аз ҷумла сохтмони филиалу иншоотҳои бонк дар ноҳияҳои Дарвоз, Ашт, Мастчоҳ ва шаҳри Исфара дар арафаи анҷомёбист”, — афзуд Марҳабо Муродова.Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд аз ҳисоби Тоҷиксодиротбонк сохтмони китобхонаи замонавӣ бо шароитҳои мусоиди соҳавӣ дар арафаи анҷомёбист.

Июль 5, 2013 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд