Тӯйи арусӣ ва хатнасури хайрия дар ноҳияи Бохтар

Июль 6, 2013 12:08

Душанбе, 6 июл (АМИТ «Ховар»).-Дар маркази ноҳияи Бохтар бо ҳузури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тӯйи арусии 10 ҷуфти ҷавон ва хатнасури 150 кӯдаки ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат ороста шуд.Ин маросими пурфараҳи хайрия бо дастгирию саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ ба таври дастаҷамъона ва каммасраф аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия созмон дода шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи кӯдакон ва навхонадорон кумаки яквақтаи моддӣ ва туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ тақдим намуд.
Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.

Июль 6, 2013 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд