Таҷлили ҷашни 85-солагии Хадамоти давлатии оташнишонӣ

Июль 31, 2013 09:35

Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 85-солагии Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки роҳбарияти вазорат, кормандон ва собиқадорони соҳаи оташнишонӣ дирӯз дар Душанбе баргузор гардид.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дар ҷаласа вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов зикр намуд, ки «Хадамоти оташнишонӣ яке аз самтҳои муҳими мақомоти корҳои дохилӣ маҳсуб ёфта, барои наҷот додани молу ашёи мардум масъулияти бузург ба дӯш дорад. Хадамоти мазкур соли 1930 таъсис ёфта, дар солҳои ҶБВ ду нафар кормандони ин хадамот бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гардидаанд. Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ нерӯи тозае бахшида, ба рушду инкишоф, фароҳам овардани шароити моддию техникӣ, интихоби кадрҳои ботаҷриба ва беҳдошти вазъи хизмат мусоидат намуд. Вазифаи Хадамоти оташнишонӣ ҳифзи моликияти мардум ва корхонаҳои давлатӣ аз сӯхтор мебошад. Бояд зикр кард, ки дар 6 моҳи соли равон дар миқёси ҷумҳурӣ 678 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки маблағи зарари расида аз сӯхтор беш аз 6 миллион сомониро ташкил медиҳад.Маҳз ранҷу заҳмат ва ҳисси масъулиятшиносии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ буд, ки дар ин муддат молу амволи шаҳрвандон ба маблағи зиёда аз 165 миллион сомонӣ аз нобудшавӣ эмин нигоҳ дошта шуда, 198 нафар аз коми оташ наҷот дода шуд.

Июль 31, 2013 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд