Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Брюссел
Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар»).-29-уми июни соли ҷорӣ дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ба муносибати таҷлил аз 16-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии кишвар иттилоъ дода, афзудааст, ки дар ин маросими идона аъзои диаспораи тоҷикони Белгия, Нидерланд ва Люксембург, инчунин дӯстони хориҷии Тоҷикистон аз Иттиҳоди Аврупо ширкат варзидаанд.Дар оғоз Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев ҳозиринро бо ин санаи тақдирсози таърихи навини давлатдории тоҷикон — Рӯзи ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфт.Ҳамчунин, намояндагони диаспораи тоҷикони Белгия, Нидерландия ва Люксембург дар суханрониҳояшон саҳми таърихии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини ризоияти миллӣ ва сулҳ дар ҷумҳурӣ, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, татбиқи барномаҳои созандаи иқтисодию иҷтимоӣ дар Тоҷикистон баланд арзёбӣ карда, зарурати муттаҳидшавии боз ҳам қавитар дар атрофи Эмомалӣ Раҳмонро таъкид намуданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






