Таъииноти кадрӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як зумра кадрҳои мақомоти корҳои дохилии ба вазифаҳои нави роҳбарӣ пешбаришударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.Зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи халқу Ватан, давлату миллат ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ адо намудани қарзи муқаддаси ватандорию давлатдорӣ ҳидоят намуд.Тавре сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, бо фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов полковники милитсия Алиев Анвар Ҷумаевич сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД ҶТ; полковники милитсия Назаров Қудратулло Бобоевич сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД ҶТ; подполковники милитсия Ашӯров Абдуҷалил Халилович сардори ШВКД дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе; полковники милитсия Мирзоев Абдураҳим Қурбонович сардори ШВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон; полковники милитсия Давлатов Раҳмонқул Қобилович сардори ШВКД дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таъин гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






