Талабот ба рассомон ва дизайнерҳо меафзояд

Июль 22, 2013 16:02

Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Имрӯз дар нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ дар назди намояндагони ахбори омма оид ба фаъолияти вазорат дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ гузориш дод. Аз ҷумла вазир зикр намуд, ки дар бахши илм ва муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг 14 ҳазору 500 донишҷӯ ва хонанда таҳсил намуда, ба онҳо 2,5 ҳазор устодони соҳаи фарҳанг ва санъат таълим медиҳанд. Дар тобеияти вазорат 3 мактаби олӣ, 6 коллеҷи фарҳанг ва санъат, 2 мактаб-интернати махсуси соҳаи мусиқӣ ва санъат амал мекунад. Мирзошоҳрух Асрорӣ зикр намуд, ки яке аз ин донишкадаҳои олӣ Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аст, ки навтаъсис буда, зарурат ба чунин донишкада афзудани талабот ба рассомон ва дизайнерҳо мебошад. Инчунин дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки тибқи иҷрои «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-20015» аз 25 май то 28 июн сафари «Корвони китоб»ба тамоми минтақаи ҷумҳурӣ анҷом ёфта, тавассути он намоиш ва фурӯши китобҳо ташкил шуд, ки фонди китобхонаҳои ҷумҳурӣ бо 20 ҳазору 958 нусха адабиёти соҳаи гуногун ба маблағи беш аз 165 ҳазор сомонӣ мукаммал гардид.

Июль 22, 2013 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд