Таъмини аҳолии Чашмасор бо оби тозаи нӯшокӣ
Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Дар самти татбиқи қисмати «Рушди инфрасохтори маҳал», ки яке аз қисмҳои асосии лоиҳаи Маркази идоракунии лоиҳаи «Рушди деҳот» ба шумор меравад, корҳо мувофиқи нақша идома доранд,- гуфт зимни нишасти хабарӣ директори Маркази идоракунии лоиҳаи «Рушди деҳот» Ғоиб Давлатов. Дар ин давра зерлоиҳаи «Сохтмони хати оби нӯшокӣ»-и деҳаи Тахти Алифи ҷамоати Чашмасори ноҳияи Файзобод мавриди истифодаи аҳолӣ қарор дода шуд. Баробари ба истифода додани хати оби нӯшокӣ зиёда аз 1300 нафар истиқоматкунандагони деҳа бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд. Барқарор намудани канали байнихоҷагии деҳаи Навободи ҷамоати ба номи Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат бо сифати баланд ба анҷом расидаву он имрӯз фаъолияти пурсамар дорад. Аз оби ин канал зиёда аз 120 хоҷагии деҳқонӣ истифода мебарад. Аз ҷумла, аз ҷониби лоиҳа то ин муддат барқарор ва мустаҳкам намудани пулҳо, кӯпрукҳои мошингард дар як қатор деҳот ба анҷом расида истодаанд,-таъкид намуд Ғ.Давлатов.Зикр кардан бамаврид аст, ки мақсади лоиҳаи Маркази идоракунии Лоиҳаи «Рушди деҳот» ин дастгирии соҳаи кишоварзӣ, афзун намудани истеҳсолоти кишоварзӣ, тақвияти инфрасохтори маҳал ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳи зиндагонии аҳолии деҳот ,ривоҷи соҳибкорӣ ва тиҷорати кишоварзӣ мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






