Ташхиси 251 адабиёти динӣ
Душанбе, 10 июл. (АМИТ “Ховар”,Афшини Муқим).-Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми шаш моҳси соли ҷорӣ дар асоси 48 дархост 251 адабиёт ва варақаҳои диниро дар ҳаҷми 55181 саҳифа, баробар ба 3448, 8125 ҷузъи чопӣ мавриди таҳлил ва ташхис қарор додааст. Ба гуфтаи Мавлон Мухторов, муовини Раиси кумита аз ин миён ба 204 адабиёти дорои мазмуни динидошта хулосаи мусбат ва ба 47 адабиёт ва варақаҳои динӣ, ки мазмуну муҳтавои онҳо мухолифи қонунгузории Тоҷикистон буд, хулосаи манфӣ дода шудааст.Ба иловаи Мухторов дар ин давра аз ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва шахсони алоҳида ба Раёсат дархост барои аз ташхиси диншиносӣ гузаронидани 44 адад адабиёти динӣ дар ҳаҷми 5717 саҳифа, баробар ба 357, 3125 ҷузъи чопӣ ворид гардида, аз онҳо ба 43 адабиёти динӣ хулосаи мусбат ва ба 1 адади он хулосаи манфӣ пешниҳод карда шудааст. Муовини Раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кард, ки асосан адабиёт, варақаҳо ва дигар маводи таъиноти диние хулосаи манфӣ мегиранд, ки ба гуруҳҳо ва ашхоси тундрав ё пайравони ҷараёнҳои номатлуб мансуб буда, аз ҷониби ниҳодҳои қудратии кишвар ба Кумита пешниҳод карда мешаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






