Ташкили коргоҳҳои дӯзандагӣ дар Муъминобод
Муъминобод, 26 июл. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Бо максади ба касбомӯзӣ фаро гирифтани сокинон дар ноҳияи Муъминобод ташкилоти ҷамъиятии «Маркази рушди соҳибкорӣ» фаъолият мекунад, ки дар давоми панҷ сол тавонистааст шумораи зиёди сокинони ноҳияро соҳибкасб намояд. Дар ин марказ ба хоҳишмандон касбҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ, устои мошинҳои сабукрав, дуредгарӣ ва кафшергари газию барқӣ омӯзонида мешавад. Ба курсҳои дӯзандагӣ занону духтарони синни гуногун муроҷиат мекунанд ва дар муддати се моҳ касби дӯзандагиро аз худ намуда, коргоҳҳои хурди дӯзандагӣ ташкил менамоянд. Дар айни замон дар ноҳия якчанд коргоҳи хурди хизматрасонӣ фаъол гардида, дар онҳо хатмкардагони маркази мазкур кор мекунанд. Роҳбарияти ташкилоти ҷамъиятии «Маркази рушди соҳибкорӣ» бо таҳияи барномаҳои нав мақсад доранд, омӯзиши касбҳои дигарро ба роҳ монанд, то шумораи бештари сокинон ба касбомӯзӣ ҷалб шаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






