Ташрифи Р. Раҳимов ба кӯдакистон
Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дирӯз Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ба кӯдакистони «Табассум»-и ВКД ташриф овард ва аз шарту шароит, ошхона, ҷойи хоб, ҷои бозӣ ва ҷойи хӯрокхӯрии кӯдакон дидан намуда, ба онҳо яхдон, мизу курсӣ, маводи хӯрокворӣ ва бозичаҳои гуногун тӯҳфа намуд.Тавре ки аз ВКД ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Вазири корҳои дохилӣ ҳангоми вохӯрӣ ба роҳбарият ва мураббиёни Кӯдакистони мазкур таъкид намуд, ки пайваста ба кӯдакон ғамхорӣ зоҳир намуда, ба хӯрок, тозагӣ ва саломатии онҳо диққати махсус диҳанд. Ҳамзамон, Рамазон Раҳимов ба роҳбарияти Кӯдакистон ва сардори Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ оиди таъмир намудани саҳни ҳавлӣ ва боз ҳам беҳтар намудани шароити Кӯдакистон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Кӯдакистони «Табассум»-и Вазорати корҳои дохилӣ айни замон 226 нафар кӯдакони аз синни 3-сола то 7-соларо фаро гирифта, дар ин кӯдакистон машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гузаронида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






