Таъсиси кафедраи нав дар ДСТР
Душанбе, 17 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ», чунин ном дорад кафедраи нав, ки дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия созмон дода шуд», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ, 16 июл ба хабарнигорон Нуралӣ Солеҳов, ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия. Мавсуф аз дастовардҳои илмию таълимӣ дар ин даргоҳи маърифат ёдовар шуда, зикр кард, ки дар ин давра дар донишгоҳ натиҷаи корҳои илмию тадқиқотии устодону профессорони донишгоҳ дар шакли 5 монография пешниҳод гардидааст. Инчунин ҷиҳати таъмини босифати раванди таълим 29 дастури таълимиву методӣ нашр гардидааст. Алҳол дар донишгоҳ, ки он соли 1996 таъсис дода шудааст 273 нафар устодон фаъолият мекунанд, ки аз он 39 нафар доктори илму профессорон, 122 номзади илму дотсентҳо ва 122 нафари дигар устодони бидуни дараҷаву унвонҳо мебошанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






