Таъсиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Терминали Душанбе
Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ташкилоти нави ибтидоии ҳизб дар назди Терминали марказии шаҳри Душанбе таъсис дода шуд. Дар ин бора сомонаи расмии ҲХДТ навишта, афзудааст, ки ба ин муносибат мудири шуъбаи ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино А. Азизов бо кормандони Терминали марказии шахри Душанбе мулоқот намуда, ба 6 нафаре, ки ба сафи ҲХДТ шомил шуданд, шаҳодатномаи узвият супорид. Гуфта мешавад, Терминали марказии Душанбе аз рӯи 12 хатсайри дохили мамлакат ҳаракат намуда, зиёда аз 300 нафар ронандагон, ҳайати хизматрасонии техникӣ ва роҳбаладонро аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






