Таъсиси ташкилоти ибтидоии «Ободкор»
Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар»).- 23 июли соли 2013 муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур К.Ч. Шамшеров ва мутахассиси бахши омор ва бақайдгирии шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур З.А. Гулаҳмадов дар вазъияти тантанавӣ ба кормандони «Гуруҳи тадбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна» Абдукарим Абдуалимов, Сафар Зайниддинов, Искандар Қурбонов, Зевар Абдуллоев билети ҳизбӣ супорида, кормандони ин ташкилотро табрик намуданд. Мутобиқи Оинномаи ҲХДТ дар «Гуруҳи тадбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна» ташкилоти ибтидоии «Ободкор» таъсис дода шуд ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Абдукарим Абдуалимов интихоб гардид. Ҳамзамон муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур К.Ч. Шамшеров доир ба саҳми ҲХДТ дар пешрафту шукуфоии кишвар, таъмини сулҳу субот сухан ронда, аз таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид, ки: «Мо дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир ва марҳалаи навини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварамон қарор дорем.Сиёсати давлат дар ин марҳала ба он равона карда мешавад, ки тавассути фаъолияти самараноки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин карда шавад».Аъзои ТИ «Ободкор» низ аз нақши ҲХДТ дар рушди босуботи Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳмгузории худро дар тадбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб иброз доштанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






