Таваррум дар нимсолаи аввал -1,6%
Душанбе, 17 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Тибқи маълумоти расмӣ яке аз нишондиҳандаи муҳими макроиқтисодӣ — таваррум дар моҳи июни соли равон низ муътадилӣ ва устувории худро нигоҳ дошт. Тавре ки аз БМТ иттилоъ доданд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ сатҳи таваррум 1,6 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,9 банди фоизӣ кам мебошад. Ба иттилои манбаъ, нишондиҳандаи номбурда дар моҳи июн 0,1 фоиз ва дар давоми 12 моҳи охир бошад, ба 5,5 фоиз баробар шуд. Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 8 июли соли равон, бо назардошти кам гардидани фишорҳои таваррумӣ ва таъсири омилҳои берунӣ ҷиҳати таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва бо ин роҳ паст кардани фоизи миёнаи қарзҳо дар низоми бонкӣ, меъёри бозтамвил ба андозаи 0,4 банди фоизӣ паст ва дар сатҳи 6,1 фоизи солона муқаррар карда шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






