Тоҷикистон ба раванди шарикии глобалӣ ҳамроҳ мешавад

Июль 24, 2013 11:24

Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, 24 июл дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Тоҷикистон ва раванди байналмилалии шарикии глобалӣ» семинари миллӣ баргузор гардид. Дар кори семинар роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ, намояндагони корпусҳои дипламатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов аҳамияти ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушдро таъкид намуда, зикр дошт, ки соли ҷорӣ Тоҷикистон татбиқи «Стратегияи нави миёнамуҳлати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои давраи солҳои 2013-2015»-ро оғоз намуд. Барои таъмини иҷрои бомуваффақияти чорабиниҳои он ҷалби ҳаҷми зарурии кӯмаки беруна ва сармоягузориҳо зарур аст. Д. Саидов зикр намуд, ки дар айни замон раванди байналмилалии мониторинги «Шарикии глобалӣ» оғоз гардидааст ва дар он кишварҳое, ки «Созишномаи Шарикии Бусан»-ро барои ҳамкории самаранок баҳри рушд ба имзо расонидаанд, иштирок хоҳанд намуд. Тоҷикистон ният дорад, ки бо дастгирии шарикони рушд ба ин раванд ҳамроҳ шавад.

Июль 24, 2013 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад