Тохоку аз нигоҳи аксбардорони Ҷопон
Душанбе, 3 июл. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиши аксҳои «ТОХОКУ аз нигоҳи аксбардорони Ҷопон» баргузор гардид. Намоишгоҳи мазкурро Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон бо кӯмаки фонди Ҷопон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташкил намуд. Дар ҷамъомад директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Носирҷон Салимов, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хироюки Имахаши дар суханронии худ зикр намуданд, ки намоиши аксҳо барои ошноӣ бо фарҳанг, тамаддун, таърихи бои ниёгони мардуми Ҷопон ва таҳкими дӯстии миёни халқҳои ду кишвар кӯмак мерасонад. Дар намоишгоҳ маҳсули кори аксбардорони боистеъдоди Ҷопон ба намоиш гузошта шуда буд, ки аз ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангии сокинони минтақаи шимолу шарқии Тохоку, ки 11 марти соли 2011 гирифтори фоҷиаи бузург шуда буд, инъикос ёфтаанд. Намоишгоҳи мазкур то 21 июл идома меёбад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






