ТВЕА-и Чин ҳавасманди ҳамкории бештар бо Тоҷикистон
Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар»).- 8-уми июл Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Раиси Шӯрои директорони ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии мардумии Чин Чжан Син мулоқот кард. Дар мулоқот рафти татбиқи лоиҳаҳои бузурги ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати ТВЕА-и Чин дар соҳаҳои энергетика ва саноати куҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки Ширкати ТВЕА дар Тоҷикистон татбиқи як қатор лоиҳаҳои бузурги ҳамкориро дар соҳаи энергетика таъмин карда, дар ҳоли ҳозир дар сохтмони маркази бо ангиштсанг фаъолияткунандаи барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе саҳм мегузорад. Тавре иттилоъ дода шуд, ширкати мазкур нақша дорад маркази барқу гармидиҳиро бо технология ва таҷҳизоти муосири барои бехатарии муҳити зист пешбинишуда таъмин намуда, дар муҳлати муайяншуда ин иншооти энергетикиро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад.Дар мулоқот ҳамчунин доир ба вазъи ҳамкориҳои байниҳамдигарӣ дар бахши сохтмон ва барқарорсозии хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ ва коркарди маъданҳои куҳӣ табодули афкори судманд сурат гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






