Вазорати адлия дар 6 моҳ 62 ташкилоти ҷамъиятиро ба қайд гирифт

Июль 23, 2013 17:02

Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Дар давоми шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ идораҳои нотариалии давлатӣ 297 ҳазору 794 амалиёти нотариалиро ба расмият дароварданд, ки аз ин фаъолият ба буҷаи давлат 20 миллиону 30 ҳазору 209 сомонӣ боҷи давлатӣ ворид гардид ва ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 384 ҳазору 871 сомонӣ зиёд аст.Ин нуктаро Рустам Менглиев, вазири адлияи кишвар имрӯз, 23-уми июл дар як нишасти хабарӣ таъкид кард. Ҳамчунин Рустам Менглиев афзуд, ки Вазорати адлия ва раёсатҳои он дар вилоятҳо дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 62 ташкилоти ҷамъиятӣ ва 5736 шартномаи гаравро ба қайди давлатӣ гирифтаанд.

Июль 23, 2013 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд