Вазорати маориф: «Дар 6 моҳ 27 мактаб бунёд ва 19 мактаб навсозӣ шудааст»
Душанбе, 8 июл. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- «Мувофиқи нақша соли равон аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази асосии ба Вазорати маориф пешбинигардида сохтмони 12 бинои таълимӣ ва ёрирасон бо 1236 чойи нишаст ва таҷдиду тармими бинои 3 мактаб – интернат ва аз ҳисоби маблағҳои марҳилаи сеюми гранти Фонди каталитикӣ 4 иншоот бунёд ва 7 иншооти дигари соҳаи маориф таъмиру навсозӣ шуданд»- иброз дошт Вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов зимни нишасти матбуотӣ. Ҳамчунин, қайд гардид, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ тибқи маълумоти омории дастрасигардида дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблагузорӣ 27 бинои мактаб (барои 4515 чойи нишаст ва ба маблаги 19 млн.200 ҳазор сомонӣ) сохта ба истифода дода шуда, илова бар ин 9 мактаб ба маблаги 4 млн. 841 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






