Вуруди 26,7 миллион сомонии фурудгоҳ ба буҷа дар ним сол
Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар шашмоҳаи аввали соли 2013-ум ба буҷаи давлатии Тоҷикистон 26,7 миллион сомонӣ маблағ ворид кардааст. Дар ин бора Рустам Холиқов, раиси «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дирӯз, 25-уми июл дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ дар нимсолаи якуми соли 2013-ум фурудгоҳи байналмилалӣ ба 358 ҳазору 339 нафар мусофири рафта ва 242 ҳазору 88 нафар мусофири омада хизмат расонида, дар ин давра миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳ қабулу интиқолгардида баробари 1345 тоннаву 675 кг будааст. Ҳамчунин Холиқов афзуд, ки ба «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо 153 эрод ворид шуда, аз онҳо 140-тояш қонеъ ва 13 тояш дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






