Вуруди 298,4 ҳазор тонна гандум дар шаш моҳ

Июль 25, 2013 13:56

Душанбе, 25 июл.(АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).-Аз ҷониби хадамот дар нимсолаи аввали соли 2013 аз ҳисоби қонунвайронкунии зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти зиддиинҳисорӣ, монополияҳои табиӣ, дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва реклама ҳамагӣ маблағи 291161,71 сомонӣ ошкор гардида, маблағи 235009 сомонӣ ҳисоббаробар карда шудааст. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Ҳамдам Тағоймуродов зикр намуд.Вай афзуд, ки тибқи маълумоти гумрукӣ ба ҷумҳурӣ ғалла асосан аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид карда мешавад. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 298,4 ҳазор тонна гандум бо нархи миёнаи 355 доллари ИМА барои 1 тонна ворид шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ бозори воридоти гандум рақобатпазир буда, иштирокчиёни он 56 субъекти хоҷагидориро ба ғайр аз соҳибкорони инфиродӣ ташкил медиҳанд, ки дар таносуб ба 90,6 фоиз баробар буда, 9,4 фоизи дигар ба соҳибкорони инфиродӣ рост меояд.Тибқи маълумот нархи миёнаи орди якуми истеҳсоли Ҷумҳурии Казоқистон бо вазни 50 кг дар бозорҳои шаҳри Душанбе аз 140 то 145 сомонӣ, дар бозори шаҳри Хуҷанд 138-140 сомонӣ, дар бозори шаҳри Курғонтеппа аз 145 то 150 сомонӣ ва орди якуми истеҳсоли ватанӣ бо нархи 145,3 сомонӣ ба фурӯш бароварда шудааст.

Июль 25, 2013 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!