Вусъати корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии Роғун
Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- 29 июл дар шаҳри Роғун нишасти матбуотӣ бо иштироки рӯзномагорон баргузор гардид. Дар нишаст раиси шаҳри Роғун Шариф Шарипов оид ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Роғун дар нимсолаи аввали соли 2013 гузориш дода, зикр намуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон буҷаи маҳаллии шаҳр, ки қисми даромадаш мутобиқи нақша 10 601,1 ҳазор сомониро ташкил медод, ба маблағи 6 798, 9 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ шуд, ки иҷрои ин нишондод 64 %-ро ташкил медиҳад ва нисбат ба шаш моҳи аввали соли гузашта ба маблағи 1748,2 ҳазор сомонӣ кам аст. Аз ҳисоби маблағҳои сармояи хориҷӣ барои сохтмони купрук дар деҳаи Қади Об ба маблағи 974 ҳазор сомонӣ, сохтмони хатти оби нӯшокӣ дар деҳаҳои Шайдон, Фаррух, Ковокдара, Ҷавонӣ, Майдони Нав 542,1 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорон сохтмони нуктаҳои хизматрасонӣ, мағоза 1526,9 ҳазор сомонӣ сарф шудааст. Дар маркази шаҳри Роғун сохтмони биноҳои маъмурии бахши «Ориёнбонк» ва Суди шаҳрӣ сомонӣ оғоз шудаанд, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамон ба иситифода дода хоҳанд шуд,- зикр намуд Шариф Шарипов.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






