1000-солагии таълифи «Алқонун»-и Сино

Август 19, 2013 09:18

Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова). -16 августи соли 2013 дар Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба 1000-солагии оғози таълифи китоби рӯимизии табибони дунё «Алқонун фит- тиб»-и аллома Абӯалӣ ибни Сино баргузор гардид. Бояд зикр кард, ки ҳар сол 18 август ҳамчун иди касбии кормандони тиб ва зодрӯзи ҳаким, файласуф ва табиби шинохта Абӯалӣ ибни Сино ҷашн гирифта мешавад. Имсол ба ин ид ҷашни 1000-солагии оғози таълифи китоби асосии табибон «Алқонун фит тиб» низ илова гардид. Дар конфронс инчунин китобҳои Абӯалӣ ибни Сино ба забонҳои тоҷикиву русӣ намоиш дода шуданд. Муовини вазири тандурустии кишвар Соҳибназар Раҳмонов оид ба нақши Сино дар тибби ҷаҳон сухан гуфт. Сипас, академики Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунаввара Додхоева, директори Институти Синошиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Нуралиев, тарҷумони китоби «Алқонун фит-тиб» шайх Сайнуриддин Шаҳобиддинов маърӯза карда, оид ба мақоми китоби «Алқонун» дар тибби ҷаҳон, аҳамият ва арзиши он маълумот доданд. Ҳамчунин таърихи тарҷумаи ин китоб ба забони тоҷикӣ ёдоварӣ гардида, барои хизмати бебаҳои мутарҷим Сайнуриддин Шаҳобиддинов ба ӯ изҳори сипос карда шуд. Дар ин рӯз бо фармоиши Вазорати тандурустӣ устод Юсуф Нуралиев ва устод Сайнуриддин Шаҳобиддинов бо унвон ва нишонҳои сарисинагии «Аълочии тандурустии Тоҷикистон» мукофонида шуданд. Дар конфронс ровӣ Ортиқи Қодир аз рубоиҳо ва ғазалиёти Абӯалӣ ибни Сино, шеърҳои ба Ибни Сино бахшидаи устодон Лоиқу Бозор Собирро қироат намуд, ки ин ба ҳозирин илҳом ва ғизои маънавӣ бахшид.

Август 19, 2013 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад