Ғалабаҳои навбатии «Истиқлол» ва «Истаравшан»
Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар»). – 25 август дар Бохтар, Истаравшан ва Хуҷанд боз се вохӯрии аввали як бар ҳашт финали мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон, хабар доданд, дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби панҷ бар сифр дастаи «Хуҷанд» — ро мағлуб сохта, дастаи «Истаравшан» дар майдони худ бо ҳисоби се бар сифр бар дастаи «Куктош» ғалаба кард. Вохӯрии дастаи «Парвоз» — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дастаи «Бохтар» бо ҳисоби як бар як мусовӣ шуд.Вохӯриҳои навбатии як бар ҳашт финалӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон 27 ва 28 август баргузор мешаванд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






