Ғолибони мусобиқаи волейбол муайян шуданд

Август 15, 2013 11:43

Душанбе, 15 август. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова). -Дар майдони варзишии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бозиҳои нимниҳоию ниҳоӣ ва ҷамъбасти натиҷаҳои бозии волейбол байни дастаҳои занон ва мардони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ баргузор гардид. Дар оғоз дастаҳои кормандони тандурустии шаҳри Ваҳдат ва Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо барои ҷои сеюм ва дастаи Беморхонаи шаҳрии «Ёрии таъҷилӣ» бо дастаи Маркази миллии тиббӣ барои ҷойҳои 1 ва 2 қувваозмоӣ намуданд.Сипас ғолибони мусобиқа эълон гардиданд. Дар байни дастаҳои занона ҷои аввал насиби дастаи таваллудхонаи шаҳрии рақами 2, ҷои дуюм насиби дастаи Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ ва ҷои сеюм насиби дастаи таваллудхонаи шаҳрии рақами 3 гардид. Дар байни дастаҳои мардона ҷои аввалро дастаи Беморхонаи шаҳрии «Ёрии таъҷилӣ» соҳиб гардида, ҷои дуюму сеюмро дастаҳои Маркази миллии тиббӣ ва Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо сазовор шуданд.Ҳамаи дастаҳои ғолиб бо медалҳо ва туҳфаҳои молӣ қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷониби масъулони мусобиқот зикр гардид, ки соли оянда мусобиқаҳо дар намудҳои дигари варзиш низ роҳандозӣ хоҳанд шуд.Хотиррасон мекунем, ки мусобиқоти волейболбозон бахшида ба ҷашни зодрӯзи алломаи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, Рўзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 22-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Август 15, 2013 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд