Қайди муҳоҷирати шаҳрвандон
Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Дар ҳафт моҳи соли равон аз ҷумҳурӣ беш аз 655 ҳазорe 330 нафар шаҳрванд ба хориҷа сафар намуд, ки аз ин шумора 558ҳазору 949 нафар мард ва 963 ҳазору 81 нафарашро зан ташкил мекунад. Абдуллоҳи Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти мухочират иттилоъ медиҳад, ки аз ин шумора 547.198 нафари онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ буда, 487.245 мардҳо ва 599.53 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, ба Федератсияи Русия — 588025 нафар, Қазоқистон — 124.72 нафар, Қирғизистон — 486.8 нафар, Украина — 93 нафар, Ӯзбекистон — 163.45 нафар, Озарбойҷон — 198 нафар, ҷамъ ба кишварҳои ИДМ: 622.001 нафар, Афғонистон — 1804 нафар, Эрон — 198.1 нафар, Туркия — 776.5 нафар ва ба Чин- 108.26 нафар сафар кардаанд.Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа» дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ баҳисобгирии рафтуомади пурраи шаҳрвандонро тавассути «Варақаи бақайдгирии муҳоҷиратии шаҳрвандони Тоҷикистон» ба роҳ мондааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






