Қ. Расулзода бо аҳли маорифи Суғд мулоқот кард
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов ).-Дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд машварати августии омӯзгорони вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода сухан гуфт. Бар пояи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилоят Қоҳир Расулзода кормандони соҳаи маорифро бахшида ба фарорасии Рӯзи дониш, оғози соли нави таҳсил ва ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, баъдан рушди соҳаи маорифро асоси пешрафти ҷомеа ва иқтисоди кишвар арзёбӣ намуд. Ба таъкиди раиси вилоят дар давоми солҳои 1992-2012 ва шаш моҳи соли равон дар миқёси вилоят беш аз 400 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 100 ҳазор ҷои нишаст ба истифода дода шудааст ва дар айни замон сохтмони 69 иншооти маориф барои 13 ҳазору 700 ҷои нишаст бо маблағи умумии 102 миллион сомонӣ идома дорад. Ҳамчунин раиси вилоят аз вазъи компютеркунонии мактабҳо изҳори нигаронӣ кард, ки сатҳу сифати таълиму тарбия, дараҷаи маърифатнокӣ ва малакаву маҳорати хонандагони муассисаҳои алоҳидаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба талаботи меъёрҳои муосир пурра ҷавобгӯ намебошад. Гуфта мешавад, дар анҷом ба 30 нафар устодони фаъоли макотиби шаҳру навоҳии вилоят сипопосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва туҳфаҳои пулию хотиравӣ супорида шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






