Ҳамкорӣ бо «AMER INTERNATIONAL GROUP CO., LTD»
Душанбе, 22 август. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Ба наздикӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо ноиби президенти «AMER INTERNATIONAL GROUP CO., LTD» Танг Ехаи (Tang Yihui) ва ҳайати роҳбарони ин ширкат вохӯрӣ доир намуд. Дар вохӯрӣ масъалаи имконияти сармоягузории гуруҳи ширкатҳои мазкур ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла ба соҳаҳои истихроҷи маъданҳои куҳӣ, гидроэнергетика ва ғайра баррасӣ гардид. Раиси Кумита ба ноиби президенти «AMER INTERNATIONAL GROUP CO., LTD» оид ба фазои сармоягузорӣ, кафолату имтиёзҳои барои сармоягузорон пешниҳодшаванда, тартиби ҳамкорӣ бо ширкатҳои сармоягузори хориҷӣ дар соҳаи истифодаи қаъри замин маълумот дода, ба онҳо маводи таблиғотӣ оид ба қонунгузории ҷории танзимкунандаи фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, тавсифномаи кӯтоҳи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, имконият ва иқтидорҳои сармоягузорӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод намуд. Дар фарҷоми вохўрӣ тарафҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории минбаъда изҳор намуда, таклиф намуданд, ки миёни «AMER INTERNATIONAL GROUP CO., LTD» ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






