Ҳамкорӣ рущд меёбад

Август 23, 2013 11:27

Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо раиси бахши миллии Шӯрои кории Созмони Ҳамкории Шанхай, раиси раёсати Биржаи универсалии амвол ва ашёи хоми Конгресси байналмилалии саноатчиёну соҳибкорон Александр Узких баргузор гардид. Тавре ки аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, Александр Узких дар ҷараёни мулоқот зикр намуд, ки мақсад аз сафар ба Тоҷикистон роҳандозии ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба манзури дастрасӣ ба бозорҳои фурӯши маҳсулот мебошад, зеро Тоҷикистон дар байни истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол менамояд. Қобили зикр аст, ки дар ҳоли ҳозир ба ҳайати Конгресси байналмилалии саноатчиёну соҳибкорон 32 иттифоқи миллии саноатчиёну соҳибкорони 26 кишвари ИДМ, Аврупо ва Осиё шомиланд.

Август 23, 2013 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд