Ҳуҷҷатҳо ба имзо расиданд
Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 19 август дар шаҳри Душанбе аз рӯи натиҷаи гуфтушуниди Тоҷикистону Таиланд ду ҳуҷҷат имзо шуд.Аз ҷумла, Президенти Тоҷикистон ЭмомалИ Раҳмон ва Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Йинглак Шинаватра Изҳороти якҷоя дар бораи натиҷаи сафари расмии Йинглак Шинаватра ба Тоҷикистонро имзо намуданд. Ҳамчунин Созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Таиланд дар бораи бекор кардани тартиби раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, расмӣ ва хидматӣ ба имзо расид. Ин ҳуҷҷатро муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров ва муовини аввали вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Таиланд Ҷулапон Нонсричай имзо намуданд.Сипас нишасти матбуотӣ барои намояндагони васоити ахбори оммаи маҳаллию хориҷӣ бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Йинглак Шинаватра баргузор гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






