Ҷаласаи 9 – уми Кумитаи роҳбарикунанда

Август 19, 2013 10:08

Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров ). – Дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ дар сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар бахши об имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 9 – уми Кумитаи роҳбарикунандаи Маркази минтақавӣ оид ба идораи захираҳои об дар шаҳрҳо баргузор мегардад. Тавре ки аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ хабар доданд, имрӯз ҳамчунин Форуми байналмилалии занон таҳти унвони «Занон ҷонибдори ҳамкорӣ дар бахши об» оғоз меёбад. Маросими расмии ифтитоҳи Конфронси байналмилалӣ дар сатҳи баланд оид ба ҳамкории дар бахши об 20 август дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.Хотирнишон месозем, ки мутобиқи қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Соли 2013 — Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар бахши об» аз 20 то 21 август дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ дар сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар бахши об доир меградад.

Август 19, 2013 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд