Ҷаласаи тадорукот оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об
Душанбе, 1 август.(АМИТ «Ховар»).- Имрўз дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷаласаи панҷуми Кумитаи тадорукоти омодагӣ ба Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об-2013 баргузор шуд. Оқил Оқилов изҳор дошт, ки дар айни замон дар мамлакат барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани ин чорабинии муҳим, ки аҳамияти ҷаҳонӣ дорад, тамоми тадбирҳо андешида шуда, ҷараёни омодагиҳо мувофиқ ба нақша идома дорад. Аъзои кумитаи тадорукот ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат вазифадор карда шуданд, ки раванди бақайдгирии иштирокчиёни конфронсро тезонида, шумораи ҳайатҳои давлатҳои иштирокчиро дақиқ намоянд ва барои таҳия ва тасдиқи рўзномаи корӣ ва мавзуъҳои дар конфронс муҳокимашаванда тадбирҳои зарурӣ андешанд. Хотиррасон бояд кард, ки баргузории Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об-2013 дар шаҳри Душанбе даҳаи сеюми моҳи августи соли равон дар назар дошта шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






