530 шаҳрванд аз ҳудуди шаҳри Маскав берун карда шуд
Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).-Тибқи иттилои Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия аз аввали сол то 22-уми июни соли ҷорӣ, барои вайрон намудани қоидаҳои будубош дар ҳудуди шаҳри Маскав 530 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт гардида, аз қаламрави Федератсияи Русия берун карда шуданд. Дар айни ҳол, дар Маркази нигоҳдории шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар шаҳри Маскав 89 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, 7 нафар шаҳрванд бе ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсият нигоҳ дошта мешаванд. Бояд зикр намуд, ки рӯйхати 89 нафар дар бонки иттилооти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст. Бояд тазаккур дод, ки Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия барои кӯмак ва дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Маркази нигоҳдории ВКД ФР қарор доранд, чораҳои зарурӣ андешида, барои ҳал намудани ин вазъият ва дар ҳолатҳои зарурӣ баргардонидани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Пеш аз сафар ба ФР онҳо бояд аз тағйиру иловаҳо дар қонунҳои Федеролии Русия бохабар шаванд . Ҳангоми ворид шудан ба қаламрави Русия иҷозаи кор, патент ё қайди муввақатиро бигзаранду баъдан озодона фаъолият намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






