Ахбори муҳимтарини рӯз
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар»).- Ба иттилои «France-Presse» нахустин бор дар таърих дар кишвари исломии Эрон занро ба вазифаи сафир мегузоранд. Ба иттилои сухангӯи иттилоотии ВКХ-и Эрон Муҳаммад Ҷовид Зариф онҳо ният доранд рўзҳои наздик як занро сафир гузоранд, вале то ҳол маълум нест, ки ӯро ба кадом кишвар равона мекунанд. //////////////////////////Моҳи сентябр соли ҷорӣ дар шаҳри Қазон нуҳумин ҷашнвораи байналмилалии синамои исломӣ баргузор мешавад. Ба ин ҷашнвора 450 филм аз 54 кишвар пешниҳод шудааст. Комиссияи интихобиро Сергей Лаврентев раҳбарӣ мекунад. ///////////////////////Ба иттилои сомонаи “Al Jazeera» дар натиҷаи силсилатаркишҳое, ки субҳи имрўз дар Бағдод рух дод, 33 нафар ҷон бохта, 136 нафари дигар ҷароҳати гуногуни вазнин бардоштанд. Аз ҳама таркиши калонтарин дар манотиқи Ад-Дияла сар зад, ки дар натиҷа ҷони 21 нафарро бурд. Ягон гуруҳи ғайриҳукуматӣ ин таркишҳоро ба зиммаи худ намегирад.///////////////////////// Ирина Глинск, мудири шуъбаи эпидемиологии Маркази гигиена ва эпидемиологияи Минск ба хабарнигорон гуфт, аз оғози сол дар пойтахти Беларус 9 ҳолати сироят ёфтани гепатити А ба қайд расидааст. Ӯ мегӯяд бештари сироятшудаҳо афроди солманд ҳастанд. ///////////////////////// Дар музофоти Ҷумҳурии Исломии Покистон, аз ҷумла Панҷоб, Синд ва Хайбар обхезии шадид то ҳол идома дорад. Дар маҷмуъ теъдоди зарардидагони ҳодиса ба 1,9 миллион нафар нисбат дода мешавад. Дар айни замон барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ кормандони Хадамоти наҷотдиҳӣ фаъолияти густурда мебаранд. //////////////////////////Табибони Қирғизистон фавти як навҷавони 15-сола бар асари маризи тоун (чума)-ро таъйид кардаанд. Гуфта мешавад шояд истеъмоли кабоб аз гӯшти суғур дар минтақаи Сари Ҷаз, дар шимоли Қирғизистон боиси марги ӯ шудааст.Таҳияи Руқияи Боймамад








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






