Асрор Булбулов: Кӯр асои худро як бор гум мекунад

Август 6, 2013 08:52

Душанбе, 6 август (АМИТ «Ховар»).- Ман ҳамчун раиси бахши шаҳрии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон шаш сол мешавад, ки узви ҳамин ҳизб ҳастам. 17 сол ҳамин ҳизбро бидуни узвият дастгирӣ кардам ва аз соли 2012 инҷониб раиси бахши шаҳрии ҲНИТ дар ВМКБ ҳастам. Имрўз ман мехоҳам бигўям, ки ҳамин ҳизб ба мардум манфиате надорад ва ман рўйрост мегўям: имрўз дар Бадахшон тибқи рўйхате, ки дар ин ҷо ҳаст, гўё мо 2700 нафар аъзои ҲНИТ бошем, дар дигар ҷо навиштагӣ, ки дар рўйхати бадахшониҳо 3000 аъзо ҳаст. Ман мехоҳам ба раёсати олии ҲНИТ, ба кулли мардуми Тоҷикистон ҳамин суханҳоро расонам. Аз номи худам ман рўйрост гуфта метавонам, ки чанд сол пеш ҳамин масъаларо мо муҳокима карда будем, гуфтем, ки ба ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ ҳамин суханҳоро расонем, лекин ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ фурсате наёфтанд, ки як бор моро хабар гиранд, чунки мо ин таклифро чандин бор карда будем, вале агар ў ба Бадахшон меомад, мо гирди миз менишастему ин масъаларо рўйрост ба Муҳиддин Кабирӣ мефаҳмондем, чунки сухани бардурўғ ба мо фоида надорад, барои Муҳиддин Кабирӣ ҳам фоидае надорад, агар дурўғ бошад, пас аз он чӣ фоида? Имрўз ман мехоҳам ба кулли тоҷикистониён расонам, ки ҲНИТ дар Бадахшон 3 ҳазор аъзо надорад, боз такрор мекунам, ки ин суханҳои ман нестанд, ин суханҳои дигар бародарон ҳастанд, ки инро ҳақиқатан дар Бадахшон медонанд. Боз таъкид мекунам, ки мо наҳзатиҳои бадахшониро ҳаматарафа халқ, хусусан халқи шаҳри Хоруғ хуш намепазирад, аз ман талаб доранд, ки ман ин фаъолиятро қатъ намоям, воқеан, ҲНИТ дар Бадахшон даркор нест. Дар он рўйхат навишта буданд, ки ман 252 нафар аъзо дорам, дар шаҳри Хоруғ ман ин миқдор аъзо надорам. Ва ман гуфта метавонам, ки ҳатто муовини худро дидагӣ нестам. Ман дар ҳизб ҳамагӣ 5 нафар аъзо дорам, ман фақат панҷ одамро мешиносам. Дигар аз номи раисони бахши ноҳиявии Шуғнону Рӯшон гуфта метавонам, ки онҳо ба ин суханони ман розӣ ҳастанд. Ин на фақат суханони ман буданд, мо якҷоя ҳал кардем, ки ҳаминро бояд мо ба Раёсати олии ҲНИТ ва кулли мардум расонем. Мо дурўғгўиро намехоҳем, ростиро мехоҳем. Ва дигар чизе ки мехоҳам дар ин ҷо қайд намоям, он раисони пешинае, ки пеш аз мо фаъолият доштанд, масалан, дар ноҳияҳои Шуғноу Рӯшон ва дигар минтақаҳои Бадахшон, онҳо аз ин рўйхат фоида бурданд, пулу мол гирифтанд ва мардумро фиреб карда, ба ҳизб кашиданд. Ҳастанд одамоне, ки имрўз намедонанд, ки онҳо дар рўйхати мо вуҷуд доранд. Ҳастанд заноне, ки дар ин рўйхат вуҷуд доранд, лекин хабардор нестанд. Раёсат танҳо дар он даврае ба Бадахшон меомад, ки ягон чорабинии сиёсӣ буд. Моро ҳеҷ кас дастгирӣ накард. Чунин иброз медорам, ки ман занонро аз ин рўйхати бардурўғ тоза намоям ва он шахсоне, ки намедонанд, ки дар ҳизб аъзо ҳастанд, ариза надоранд, ҳуҷҷати расмӣ надоранд, мо онҳоро хориҷ намоем. Он давраҳое буданд, масалан, солҳои 1991-92, ки ин одамонро бо маводи озуқа, ба мисли орду шакар ва дигар мавод, ба ҳар фиребу фанд ба ҳизб дохил намуданд, то ҳоло онҳо дар рўйхат ҳастанд ва намедонанд, ки онҳоро чӣ хел фиреб дода, ба ҳизб овардаанд. Масалан, одамоне ҳастанд, ки суратҳояшонро ёфта, дар варақаи шахсӣ часпондагӣ буданд. Мо чандин бор ҳамон хел варақаҳоро дида, онҳоро хат зада будем. Чизи дигареро гуфтан мехоҳам, ки худ қазоват кунед, аз давраи соли 1996, ки дар Бадахшон ин ҳизб фаъолият дорад, талаби халқи Бадахшон буд, ки мо ин фаъолиятро дар Бадахшон қатъ кунем, чунки ман дар куҷое нашинам, бародарони ман, шумо медонед, ки ҳар рўз бо ман ҷангҷол доштанд, ки Асрор, ҳамин корро бас кун, ин ҳизб ҳизби мо нест, ин ҳизб бар зарари мо аст. Агар ҳизб бар зарари шумо бошад, ман фаъолиятро қатъ мекунам ва ин ҳизбро дар Бадахшон дурўғ мешуморам. Ман бо тамоми масъулият изҳор менамоям, ки алҳол дар ҳудуди ВМКБ на бештар аз 38 нафар аъзои боқимондаи ҲНИТ вуҷуд дорад. Боқимонда 1927, ки ба наздикӣ ахбор дода будем, 2700 — дурўғ, 3000 — дурўғ аст, ман инро тасдиқ карда метавонам, ин ҳама дуруғ аст. Дар охир мехоҳам ба муҳтарам Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ муроҷиат намоям. Бародар Муҳиддин Кабирӣ, аз ин дурўғу изофанависӣ не барои мо фоидаву не барои Бадахшону не барои кулли Тоҷикистон. Кўр асои худро як бор гум мекунад, на ҳама вақт. Инҳо одамоне буданд, ки бо ин дурўғу фиребгарӣ ба мисли солҳои 1991-1992 мардумро гумроҳ мекунанд. Дар ёд дорем, ки ин ҳама дурўғу мухолифатҳо мардумро ба ҷангу хунрезӣ кашид, ман чунин ҳолатро дигар намехоҳам, бас аст. Ҳамватанони азиз, мо ба ҳамин хотир расман эълон менамоем, ки бояд фаъолияти ҲНИТ- ро дар Бадахшон қатъ намоем! Ин ҳизб дар саросари ҷумҳурӣ даркор нест.

Август 6, 2013 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд