Аввалин аксияи байналмилалӣ дар Хатлон

Август 12, 2013 11:29

Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дар доираи татбиқи аввалин лоиҳаи байналмилалии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва профилактикӣ-пешгирикунандаи зиддимухаддиротӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии вилоятҳои Суғд ва Хатлон, инчунин дар ВМКБ» баргузор гардид. Тавре ки аз агентии мазкур иттилоъ доданд, ин дафъа гуруҳи таблиғотии агентӣ чорабинии пуршукуҳи фарҳангӣ, варзишӣ ва таблиғоти ҳаёти солимро аз маркази ноҳияи Шӯрообод оғоз намуд. Кормандони агентӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони ҳокимияти иҷрояи маҳаллӣ, мутахассисони шуъбаҳои тандурустӣ, фарҳанг ва маорифи ноҳия дар назди иштирокчиён сухан гуфта, онҳоро барои даст кашидан аз одатҳои бад ва пайравӣ ба тарзи ҳаёти солим даъват намуданд. Дар охири аксия барои ғолибони озмунҳо мукофотҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Инчунин дар байни аҳолӣ варақаҳои иттилоотӣ ва буклетҳои таблиғотӣ, ки дар бораи оқибатҳои нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ, пешгирии нашъамандӣ маълумоти муфассал доштанд, паҳн карда шуданд. Бояд қайд намуд, ки аввалин Лоиҳаи байналмилалӣ аз ҷониби Барномаи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба мухаддирот ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя маблағгузорӣ мешавад, ки намояндагонаш низ дар ҷараёни татбиқи он иштироки фаъолона менамоянд.Лоиҳаи мазкур ташкил ва гузаронидани корҳои профилактикӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ ва фаҳмондадиҳиро дар байни истиқоматкунандагони ноҳияҳои наздисарҳадии ҶТ ва ҶИА, бо мақсади ҷалби диққати онҳо ба масъалаҳои сӯйистеъмоли маводи нашъадор, сафарбар кардани онҳо ба пешгирии нашъамандӣ, мубориза бо ҷиноякорони мухаддиротӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим дар бар мегирад.

Август 12, 2013 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд