Барқияи табрикии Э. Раҳмон ба Президенти Индонезия
Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Индонезия Сусило Бамбанг Юдҳоёно барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:«Ҷаноби Олӣ,Дар иртибот ба фаро расидани ҷашни миллии кишвари дӯст сарфарозам Шумо ва мардуми Индонезияро сидқан табрику муборакбод гӯям.Бо қаноатмандӣ метавон иброз дошт, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ байни ду кишвар равобити ҳасанаи сифатан нави байнидавлатӣ ташаккул ёфта, дар такя ба сатҳи баланди эътимод, ҳусни ният ва созандагӣ масири густариши зина ба зинаро касб карданд.Имрӯз Тоҷикистон ва Индонезия имкониятҳои хеле ҳам зиёди тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи худро дороанд ва мутмаинам, ки мавриди татбиқ қарор додани онҳо ҷавобгӯи манфиатҳои халқҳои ба ҳам дӯсти мо мебошад.Дар ин рӯзи саид ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил, пирӯзиву муваффақият ва ба мардуми дӯсти Индонезия – сулҳу субот ва шукуфоӣ таманно дорам».








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






