Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҳиндустон
Душанбе, 15 август (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷи барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:«Ҷаноби Олӣ,Бароям мояи сарфарозист, то Шумо, Ҳукумат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Ҳиндустонро ба ифтихори фаро расидани Рӯзи истиқлолияти кишваратон самимона табрику таҳният гӯям.Аз ин фурсати муносиб истифода карда, мехоҳам изҳори итминон намоям, ки муносибатҳои ҳасанае, ки то имрӯз байни кишварҳои мо ташаккул ёфтаанд, дар оянда низ густариши тоза пайдо намуда, ба манзури таҳкими анъанаҳои дӯстию бародарии байни мардумонамон дар соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мазмуну мундариҷаи мушаххас ғанӣ хоҳанд гашт.Тоҷикистон Ҳиндустонро шарики дерина ва мӯътамади худ дар арсаи байналмилалӣ медонад ва омодаи ҳамкориҳои густурдатар ва амиқтар дар ҳамаи заминаҳои ҳамкорист.Ба Ҷаноби Олӣ сиҳату саломатӣ, бахту саодат, пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Ҳиндустон сулҳу амонӣ, пешрафти рӯзафзун ва шукуфоӣ таманно дорам».








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






