Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Покистон
Душанбе, 14 август (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:«Ҷаноби Олӣ,Ба муносибати фаро расидани ҷашни солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Исломии Покистон сарфарозам ба Шумо ва ба мардуми кишваратон табрикоту шодбошҳои самимонаи худро бифиристам.Изҳори итминон менамоям, ки равобити воқеан дӯстонаи байни кишварҳои мо дар такя ба анъанаҳои неки ҳусни ҳамҷаворӣ дар оянда низ густариш ёфта, боз ҳам мустаҳкамтар хоҳанд гашт.Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ва бо таъкид ба ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои гуногунарсаи судманд бо Покистони дӯст, мехоҳам омодагии хешро барои саъйу кӯшишҳои муштарак ҷиҳати таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳасанаи байни кишварҳоямон иброз намоям.Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Исломии Покистон суботи пойдор ва хушбахтиву рифоҳ таманно дорам».








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






