Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Покистон Мамнун Ҳусейн
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:«Ҷаноби Олӣ,Ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон сарфарозам ба Шумо табрикоти самимона ва таманниёти неки хешро ирсол намоям.Мо ба ояндаи неки муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бовар дорем ва ҳамеша барои рушду равнақи онҳо саъй хоҳем кард.Аз ин фурсати муносиб истифода карда, мехоҳам изҳори итминон намоям, ки робитаҳои байни кишварҳои мо бар асари саъю кӯшишҳои муштараки доимӣ дар арсаҳои ҳамкориҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мазмуну мундариҷаи мушаххасро касб карда рӯ ба густариши бемайлон хоҳанд ниҳод.Бо таҷдиди табрикоту шодбошҳо ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил, саодату хушрӯзӣ ва ба мардуми дӯсти Покистон – сулҳу субот ва пешрафту рифоҳ таманно дорам».








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






