Барқияи табрикотии Э. Раҳмон ба А. Атамбаев
Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:«Мӯҳтарам Алмазбек Шаршенович,Табрикоти самимӣ ва таманниёти маро ба муносибати иди миллӣ — Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Қирғизистон қабул фармоед. Мехоҳам ҳавасмандии амиқи хешро дар рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилаи Тоҷикистону Қирғизистон ба нафъи кишварҳоямон ва халқҳоям, инчунин таъмини субот ва амнияти минтақа махсус таъкид намоям. Омодагии худро оид ба кӯшишҳои якҷоя бо Шумо барои ин ҳама иброз медорам.Ба Шумо, муҳтарам Алмазбек Шаршенович саломатӣ, ба фаъолиятҳои давлатиатон муваффақият ва ба халқи бародари қирғиз сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






