Барқияи табрикотии Маликшо Неъматов ба варзишгарон
Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгарони кишварро бо Рӯзи варзишгарон, ки дар Тоҷикистон ҳамасола 10-уми август таҷлил мешавад, табрик намуд. Аз Кумитаи мазкур хабар доданд, ки Маликшо Неъматов дар барқияи табрикотии худ, аз ҷумла гуфтааст: «Мусаллам аст, ки варзиш дар ҳаёти инсоният ҳамчун омили тавонои таҳкими ваҳдату ягонагӣ, дӯстӣ ва ҳамкории на танҳо варзишгарон, балки халқҳову давлатҳои зиёд маҳсуб ёфта, барои насли ҷавон ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дӯстӣ, бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба халқу миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди тарафайн хидмат мекунад».Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо варзишгарон 20 декабри соли 2010 баён карда буд: «Дар рушду тавсеаи варзиш дар кишвари мо нақшу нуфузи шумо — варзишгарони муҳтарам, хеле калон аст. Маҳз шумо бояд дар байни табақаҳои гуногуни аҳолии мамлакат, бахусус ҷавонон зарурати пешрафту густариши соҳаи варзишро тарғиб намуда, таҷрибаи худро ба онҳо омӯзонед. Фаромӯш насозед, ки насли ҷавони болаёқату меҳанпарвар ва бонангу номуси Ватан аз шумо ва корнамоиҳои варзишиатон сабақи бузурги ҳаётӣ мегирад ва устуворона аз пайи шумо меравад…..Шумо бояд бо кору пайкори ибратомӯзи ҳамарӯзаатон собит созед, ки варзиш маънои нерӯмандию солимӣ, бардамию дарозумрӣ ва шарафи баланди ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани Ватанро дорад».Маликшо Неъматов санаи муҳимро барои варзишгарон табрик гуфта, барояшон саодати зиндагӣ, саломатӣ, хушбахтӣ ва ба хотири густариши шуҳрату обрӯи Ватани азизамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол фатҳи қуллаҳои нав ба нави варзиширо таманно кардааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






