Баррасии масоили амниятӣ бо Дабири СААД
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа мулоқот кард. Бар пояи иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҷараёни суҳбат Ҳамрохон Зарифӣ ва Николай Бордюжа масоили таҳкими амнияту субот дар минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин гуфта мешавад дар мулоқот масъалаҳои ташкилии ҷаласаҳои дарпешистодаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва сохторҳои оинномавии ин созмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






