Баррасии масоили таҳкими амният дар дидори Э. Раҳмон ва Н. Бордюжа
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа, ки нимаи дуюми рӯзи 27-уми август ҷараён гирифт, як силсила масоили марбут ба амнияту суботи дохиливу минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Николай Бордюжа дар ҳузури намояндагони ВАО иттилоъ дод, ки коршиносони узви СААД аз инфрасохтор ва вазъи амнияти сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистон дидан намуданд ва масоили марбут ба таҳкими амнияти ин сарҳад дар Шӯрои амнияти дастаҷамъии ин созмон, ки 23-юми сентябри соли равон дар шаҳри Сочи баргузор мешавад, муҳокима хоҳад шуд. Ҳамчунин Николай Бордюжа гуфт, ки дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои амнияту истиқрор дар Афғонистонро низ муҳокима кардаанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






