Баррасии нақшаҳо дар самти мубориза бо маводи нашъадор
Душанбе, 15 август. (АМИТ «Ховар»).-Бо ташаббуси Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров бо роҳбари навтаъйини шуъбаи назорати маводи нашъадор ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Департаменти давлатии ИМА Марк Вуд баргузор гардид. Мақсади асосии вохӯрӣ шиносоӣ бо фаъолияти агентӣ ва муҳокимаи нақшаҳои ҳамкориҳои минбаъдаи сохторҳои дахлдори ду кишвар дар самти мубориза бо маводи нашъадор буд.Роҳбари агентӣ ба ҳукумати ИМА барои расонидани кӯмак ва дастгирии мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо маводи нашъадор мубориза мебаранд, изҳори миннатдорӣ кард.Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм, инчунин рушди дурнамои минбаъда дар солҳои наздик муҳокима шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






